21 Апрел 2020 - 14:15
Ҳимматӣ хитоб ба Фонди байналмиллалии пул: Қарзи Эронро аз тариқи ИНСТЕКС пардохт кунед

Раиси кулли Бонки марказии Эрон хитоб ба Фонди байналмиллалии пул бо таъкид бар ин ки ин фонд, қарзи дархостии Эронро метавонад аз тариқи ИНСТЕКС-и Иттиҳодияи Аврупо ё канали молии Швейтсария пардохт кунад хотирнишон кард: Акнун замони амал аст.

(ABNA24.com) Ба нақл аз Форс, Абдуносири Ҳимматӣ- раиси кулли Бонки марказии Эрон дар посухе мактуб ба пурсишҳои шабакаи хабарии Бломберг, хитоб ба Кристалина Георгиева- раиси Фонди байналмиллалии пул навишт: Амрико Фонди байналмиллалии пулро идора намекунад, балки мудирият ва ҳайати мудираи ин фонд ҳастанд, ки бар фаолиятҳои ин ниҳод назорат доранд ва тазмин мекунанд, ки Фонди байналмиллалии пул  бар асоси тааҳҳудҳои худ амал мекунад.

Ҳимматӣ бо баёни ин ки эрониҳо ҳамонанди амрикоиҳо ва аврупоиҳо, инсонҳои бисёреро аз даст додаанд афзуд: Захираҳои Бонки марказии Эрон дар саросари ҷаҳон таҳти таҳримҳои Амрико қарор дорад, ки ин иқдом ғайриқонунӣ ва якҷониба аст.

Раиси кулли Бонки марказии Эрон хотирнишон кард: Таҳримҳо бояд якҷо бардошта шавад, аммо мутаассифона бозигароне дар давлати Амрико вуҷуд доранд, ки аҳамияти чандоне барои қонун ва назми байналмиллалӣ қоил нестанд.

Дархости қарзи 5 миллиард долларии Эрон аз ин фонд, шашуми март бо имзои Абдуносири Ҳимматӣ, раиси кулли Бонки марказии ҷумҳурии исломӣ хитоб ба раиси Фонди байналмиллалии пул ирсол шуд, аммо дар ҷараёни баррасии дархости кишварҳо, Майк Помпео- вазири умури хорҷаи Амрико эълом кард: Вашингтон бо дархости ҷумҳурии исломӣ мухолиф аст ва дар сурати лозим аз ҳаққи ватои худ дар ин маврид истифода мекунад.

342/